Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Gaziantep °C
Profesyonel Emlak

Матни суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Мубоҳисаҳои Умумии иҷлоси 77-умии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (24 сентябри соли 2022, Ню-Йорк)

Матни суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Мубоҳисаҳои Умумии иҷлоси 77-умии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (24 сентябри соли 2022, Ню-Йорк)
25.09.2022
A+
A-

Матни суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Мубоҳисаҳои Умумии иҷлоси 77-умии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (24 сентябри соли 2022, Ню-Йорк)

25.09.2022

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кул,
Хонумон ва ҷанобон!

 

Иҷозат фармоед, дар пайравӣ ба суханварони қаблӣ, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо, муҳтарам сафир Чаба Короши ва дар шахсияти Шумо ҷониби Маҷористонро ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси Раиси иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ СММ) табрику таҳният гуям. Ҳамзамон бо истифода аз фурсат мехоҳам ба муҳтарам Абдулло Шаҳид, Раиси собиқи Иҷлоси 76-уми МУ СММ барои роҳнамоӣ ва мудирияти муассираш дар ин даврони душвортарин ва ноором барои тамоми башарият, изҳори сипос намоям. Дар ҳақиқат, таҷрибаи васеи дипломатӣ, иҷроия ва қонунгузории мавсуф, ҳамчунин “Раёсати умед”-и ӯ дар Иҷлоси 76-ум барои бисёриҳо илҳомбахш буд.

Хонумон ва ҷанобон!

Дунёи мо даврони пурталотумро паси сар мекунад.
Айни ҳол, мо шоҳиди дигаргуншавии низоми мавҷудаи ҷаҳонӣ гашта истодаем.

Таҳдидҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва силоҳ, киберҷиноят ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ тамоюл ба афзоишро доранд.

Ҷиҳати муҳокимаи баъдии масъалаҳои мазкур, Ҳукумати Тоҷикистон, Дафтари СММ оид ба мубориза бо терроризм ва шарикони он ният доранд 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баландро зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” баргузор намояд. Мо Шуморо барои иштирок дар ин Конфронси муҳим даъват менамоем.

Тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, ноамнии озуқаворӣ, таъсири давомноки ҳамагирӣ ва дигар чолишҳо минбаъд ба оташ равған мерезанд.

Дар ин росто, ҷомеаи байналмилалӣ ба абзорҳое ниёз дорад, ки ба муҳити зудтағйирёбандаи имрӯза мувофиқ бошанд. Механизмҳое, ки даҳсолаҳо пеш таъсис ёфта буданд, ҳоло баҳри мубориза бо душвориҳои бавуҷудомада нотавон монданд.

Ҷаҳон таҳти сарпарастии Созмони Милал ба низоми муносибати бисёрҷонибаи қавитаре (мултилатерализм) ниёз дорад, то тавонад бо мушкилоти сахттарин расидагӣ намояд.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон талошҳои Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба ислоҳоти ҳамаҷонибаи ин созмон баҳри таҳкими иқтидори он ҷиҳати вокуниши саривақтӣ ва муносиб ба ниёзҳои рушд ва рафъи босамари таҳдидҳои муосир нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ мекунад.

Ҳоло як фурсати таърихиест, ки метавонад дигаргуниҳоро ба самти барои тамоми инсоният муфид равона кунад. Набояд онро барабас диҳем.

Ҷаноби Раис,

Иҷозат диҳед, ман бо се мавзӯи иловагии барои ҳайати Тоҷикистон муҳим, аз ҷумла татбиқи харитаи роҳи Рӯзномаи 2030, об ва тағйирёбии иқлим, инчунин сулҳу амният сухани худро идома диҳам.

Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар самти татбиқи пурраи Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) қотеъона тасдиқ менамояд.

Азбаски ҳоло мо дар мавриди расидан ба аксари ҲРУ бояд зиёд талош намоем, Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамгироии Ҳадафҳои рушди устувор ба сиёсати кишвар ва нақшаҳои миллии рушд иқдомоти далеронаро пеш гирифтааст.

Сарфи назар аз пешрафти назаррас дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳоло ҳам хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла марбут ба иқлим ва офатҳои табиӣ вуҷуд доранд, ки метавонанд суръати Тоҷикистонро барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 заиф ё умуман халалдор гардонанд, инчунин ба ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ таҳдид эҷод намоянд.

Ҷаноби Раис,

Имсол ҷаҳон шоҳиди ҳодисаҳои бесобиқаи табиии марбут ба об гашт.

Новобаста ба он, ки мо ҳама якҷоя бо ин офатҳои марбут ба об мубориза мебарем, ҳар чи бештар дарк менамоем, ки об неъмати ҳаётан муҳимест, ки мо бояд ба қадраш бирасем, ҳифз намоем ва мудирияти онро самаранок ба роҳ монем.

Мо ба амалҳое ниёз дорем, ки метавонанд воқеан тағйирот оваранд.

Рӯзҳои 6-9 июни соли 2022 Тоҷикистон Конфронси дуюми Душанберо, ки як ҷаласаи асосии тадорукотӣ барои баррасии миёнамӯҳлати Даҳсолаи об дар соли 2023 ба ҳисоб мерафт, бомуваффақият баргузор намуд.

Тавре медонед, Созмони Милали Муттаҳид рӯзҳои 22-24 марти соли 2023, пас аз 46 сол, конфронси дуюми обро даъват мекунад.

Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид 2023 барои ҳамаи мо як фурсати хубе хоҳад буд, то дастовардҳо, камбудиву монеаҳоеро, ки дар амалисозии ҳадафҳои Даҳсолаи об пеши роҳ омадаанд, баррасӣ ва арзёбӣ кунем.

Тоҷикистон ва Нидерланд, ки раванди омодагӣ ба ин рӯйдоди муҳимми ҷаҳониро роҳбарӣ мекунанд, сахт заҳмат мекашанд ва азм доранд, то Конфронсро ба як лаҳзаи сарнавиштсоз барои кулли ҷаҳон табдил диҳанд.

Ба ин манзур, мо Рӯзномаи Амал барои обро ҳамчун яке аз унсурҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 роҳандозӣ кардем. Мо ҳамаро ташвиқ мекунем, ки барои ғанӣ гардонидани Рӯзномаи Амал барои об, ба Конфронс бо ӯҳдадориҳои нав ворид шаванд.

Ин на танҳо барои имрӯзи мо, балки барои фарзандони мо, насли ояндаи мо муҳим ва зарур аст!

Муҳтарам Раис,

Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об мавзӯи муҳимми дигарест, ки талошҳои муштараки моро тақозо менамояд. Дар баробари зиёдшавии селу обхезӣ, камобию хушксолӣ ва тағйири гардиши гидрологӣ, имрӯз обшавии босуръати пиряхҳо – манбаи асосии оби тоза дар сайёра боиси нигаронии зиёд гардидааст.

Ба ин хотир, Тоҷикистон бархӯрди ҳамгироишударо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла дар чаҳорчӯби “Эътилоф оид ба об ва иқлим”, фаъолона пеш мебарад. Дар ҷаласаи нахустини Эътилоф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад. Айни замон пешнависи қатъномаи марбута ба мақсади пешбарии ин ташаббус тариқи кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоли коркард қарор дорад. Мо хоҳони мушорикати созанда ва ҷонибдории Шумо дар хусуси ин қатъномаи муҳим ҳастем.

Ҷаноби Раис,

Вокуниш ба таҳдиди афзояндаи терроризм ва ифротгароӣ бояд фарогир ва СММ ҳамоҳангсози калидии ин раванд бошад.

Тоҷикистон дар навбати худ як қатор тадбирҳоро дар ин самт амалӣ кардааст. Мо, аз ҷумла, “Стратегияи миллии муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегия“-ро қабул карда, омодагии худро барои ҳамкорӣ изҳор намудем.

Тоҷикистон ҷиддан муътақид бар он аст, ки давлатҳои хурд низ бояд имкони бештаре дошта бошанд, то ҷиҳати дарёфти роҳҳалҳо барои масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният саҳмгузор бошанд.

Ҳамин тавр, пас аз ҳиссагузориҳои бисёрсола дар чандҷанбагароӣ (мултилатерализм) тариқи мушорикати фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи беназири сулҳпарварӣ ва дониши амиқ дар бораи Афғонистон, вақти он расидааст, ки Тоҷикистон бори нахуст барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал барои солҳои 2028 – 2029 номзадии худро пешбарӣ намояд.

Мо бесаброна мунтазири ҳамкории зич бо ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳастем, то эътимод ва дастгирии заруриро барои ин корзори басо муҳим ба даст орем.

Ҷаноби Раис,

Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯст, ки ҷанги таҳмилии харобиовари шаҳрвандиро паси сар кардааст, арзиш ва оқибатҳои тӯлонимуддати онро ба хубӣ дарк мекунад.

Бинобар ин, мо наметавонем нисбат ба сарнавишти ҳамсояҳои наздики худ – мардуми шарифи Афғонистон, ки тӯли 40 соли охир ба қадри кофӣ азобу уқубат кашида, ҳоло сазовори сулҳу оромӣ ҳастанд, бетавофут бошем.

Расо як сол муқаддам дар худи ҳамин толор паёми маҷозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз нисф зиёди изҳороти хешро ба вазъи Афғонистон бахшида буд, ба Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа гардид.

Мутаассифона, нигаронӣ ва ҳушдорҳои Президенти Тоҷикистон паёме ба гӯшҳои ношунаво буданд.

Як сол пас аз суқути Афғонистон:

– Сарфи назар аз даъвату муроҷиатҳои батакрори мардуми афғон, кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати ҳамашумул барои танаввуи бештари қавмӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ дар де-факто сохторҳои маъмурӣ, то ҳол ташкил нашудааст;

– Кишвар дар остонаи фалокати башарӣ ва иқтисодӣ қарор дорад. Тоҷикистон ба мақсади коҳиши ранҷу машаққати мардуми афғон дар ин даврони мушкил инфрасохтор, қаламрав ва воситаҳои иртиботии худро барои мустақиман расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон дар ихтиёри тамоми ҷонибҳои манфиатдор ва кишварҳои мададрасон қарор додааст. Ҳамчунин аз замони ба сари қудрат омадани Толибон то имрӯз, мо ҳаргиз аз таъмини нерӯи барқи мавриди ниёз ба мардуми Афғонистон даст накашидем;

– Муҳити тарсу ваҳм ва бадтар шудани вазъи эҳтироми ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занону духтарон ҳоло ҳам ҳукмфармост;

– Ихтилофи назарҳо ва зиддиятҳои дохилии мавҷуда дар байни Толибон ва зуҳури гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи изофӣ, аз ҷумла ДОИШ-Хуросон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, вазъи амниятии кишварро боз ҳам ҳассостар мегардонад. Гузашта аз ин, ноуҳдабароии Толибон дар мавриди назорати ҷангҷӯёни худ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ки Толибон бо онҳо робитаи наздик доранд, вазъи бе ин ҳам мураккабро боз ҳам печидатар кардааст. Бозёфт ва қатли яке аз фармондеҳони маъмули Ал-Қоида, ки ахиран дар Кобул сурат гирифт, гувоҳи равшан бар ин робитаҳост;

– Афғонистон босуръат дар ҳоли табдилёбӣ ба як паноҳгоҳи амн барои гурӯҳҳои террористӣ ва ҷастгоҳ барои густариши ифротиёни тундгарои Толибон қарор дорад. Гузашта аз ин, мо корҳои муназзамро оид ба интиқоли гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккили размандагон аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ ба шимоли Афғонистон мушоҳида дорем, ки иттиҳод ва бунёди мабдаи нави таниш дар наздикии сарҳадҳои моро ҳадаф қарор додааст.

Мутаассифона, пайомадҳо барои Тоҷикистон, ки бо ин кишвар 1400 километр марзи тӯлонии муштарак дорад, хеле бузург аст.

Дар шароити нигаронкунандаи кунунӣ барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст, ки марзи худ бо Афғонистонро тақвият бахшида, инфрасохтори зарурии сарҳадро дар саросари он бунёд кунад. Аз ин лиҳоз, мо умедворем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ ба Тоҷикистон барои ҳифзи марзҳои ҷанубии кишварамон аз ҳамлаҳои эҳтимолии мусаллаҳона кумакҳои низомӣ ва фаннӣ мерасонад.

Ҳамзамон, мо бар онем, ки мушорикати Афғонистон дар раванди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минтақавӣ калиди муваффақияти талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҷаноби Раис,

20 сентябр роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми суханронӣ аз ин минбари баланд низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба таври худ ироа кард.

Боиси таассуф аст, ки масъалаҳои ҳаллуфасли хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз таърих мерос мондааст, беасос ба Маҷмаи Умумии СММ кашида шуданд.

Зарур медонам иттилоъ диҳам, ки ҳанӯз 19 сентябри соли 2022 намояндагони ваколатдори ду тараф Протоколро оид ба ҳалли вазъ дар сарҳад имзо намуда буданд. Ҳамаи амалҳои ҷангӣ хотима ёфта буданд.

Қӯшунҳо ва техникаи ҳарбӣ бояд аз ҳар ду тараф ба маконҳои доимии нигоҳдории худ кӯчонида шаванд. Азназаргузаронии муштараки минтақаи сарҳадӣ ташкил карда шудааст. Ба мақсади роҳандозии назорати рафти татбиқи созишҳои бадастомада комиссияи муштарак таъсис дода шудааст. Аз ҳама муҳим – ҳар ду тараф азми худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои дуҷониба танҳо ва танҳо бо истифода аз усулҳои дипломатӣ-сиёсӣ тасдиқ намуданд. Тоҷикистон пойбанд буд ва дар сурати ба вуҷуд омадани дилхоҳ масъалаҳо, аз ҷумла ҳаллуфасли масоили сарҳадӣ, ба ин усул ҳамеша пойбанд хоҳад монд.

Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо нишон додани диди дурӯғини дур бурдани қӯшунҳо ва техникаи вазнини ҳарбӣ аз хатти сарҳад ва пинҳон намудани онҳо дар макони наздисарҳадии сукунати одамон аз созишҳои ҳосилшуда канор меравад. Аз ин лиҳоз, масъулияти сар задани дилхоҳ таниши навбатӣ дар хатти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пурра бар зиммаи Қирғизистон хоҳад буд.

Роҳбарияти кишвари ҳамсоя дар суханрониаш дар бораи фавти шаҳрвандони худ ва хисороти моддӣ хабар дода, чунин вонамуд кард, ки ин мусибат дар сарҳад танҳо онҳоро дарёфт. Далелҳо дар бораи дигар чиз мегуянд. Дар натиҷаи пархошкории ҳарбӣ аз тарафи Қирғизистон зиёда аз 40 нафар кушта ва наздики дусад шаҳрванди мулкии Тоҷикистон захмӣ шуданд. Занҳои ҳомила, кӯдакону калонсолон, духтурон, инчунин мусулмонҳои ботақво – ширкаткунандагони маросими ҷаноза дар масҷид аз зумраи онҳо буданд.

Ба ҷуз объектҳои наздисарҳадӣ, инчунин мактабҳо, шифохонаҳо, муассисаҳои ҷамъиятии фарҳангӣ, хонаҳои истиқоматӣ, инфрасохтор ва васоили иртиботот хароб шуданд. Пас пархошкор (агрессор) кист?

Айни ҳол Тоҷикистон барои бозсозии хонаҳои вайроншуда ва инфрасохтори ҳаётан муҳим маблағи зиёдеро равона карда истодааст.

Мусибати рухдода дар навоҳии сарҳадӣ тасодуфӣ нест. Ҳанӯз аз тирамоҳи соли гузашта ҳамсояҳои мо ба пархошкорӣ (агрессия) омодагӣ медиданд, ки дар бунёди инфрасохтори ҳарбӣ дар наздикии марзҳои мо мушоҳида мешуд.

Ҳамосяҳои мо солҳои ахир, аз ҷумла аз ин минбари баланд, аз аҳаммияти шоҳроҳи нақлиётии байналмилалӣ ва эҷоди шароити мусоид барои ҳамлу нақл мегуянд ва ҳамзамон хостори “рафъи саддҳо (монеаҳо) дар роҳи ҳамкории иқтисодӣ, соддакунии тартиботи гузариши сарҳадҳо ва убур байни кишварҳо ва минтақаҳо” мебошанд. Ҳамзамон Қирғизистон аксар вақт барои интиқоли борҳо ба/аз Тоҷикистон тавассути нигоҳдории васоити нақлиёт бо тоннаҳо борҳои мо мушкилиҳо эҷод менамояд.

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Шоистаи зикр аст, ки ба мо муяссар шуд, ки масъалаҳои сарҳадиро бо Чин ва Ӯзбекистон ҳаллуфасл намоем ва ин натиҷаи меҳнати дарозмудаати ҳама тарафҳост.

Мо таҷрибаи зиёдеро касб намудем, ки муҳим аст ҳангоми ҳалли масоили сарҳадӣ бар мабнои эҳтироми мутақобила, боварӣ ва ошкоро ба таври том истифода шавад.

Дар таърихи 20-солаи музокирот бо Қирғизистон мо даҳҳо протокол имзо кардаем. Аммо, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо он муқаррароте, ки танҳо ба он тараф мақбул аст, мавриди иҷро қарор мегиранд.

Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд, то 602,5 км-и сарҳадро ҳамоҳанг намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода намоянд, ки ин 61 фисад аз дарозии умумии онро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон, бо такя ба таҷрибаи байналмилалии муайянсозии сарҳадҳо, борҳо ба ҳамсояҳо пешниҳод намуд, то натиҷаҳои кори бисёрсоларо дар ин самт тавассути имзои шартнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи сарҳад аз лиҳози юридикӣ қайд намояд. Аммо ҳамсояҳои мо ин пешниҳодро қатъиян қабул надоранд.

Роҳбарияти Қирғизистон аз ин минбари баланд ба Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Эъломияи Алмато ишора ва онҳоро ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ҷиҳати муайянсозии сарҳади давлатӣ маънидод кард.

Аммо бояд таъкид кард, ки масъалаи муайянсозии хатти сарҳад мавзӯе нест, ки ин санадҳо онро танзим намоянд. Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст. Ба ин нукта низ ҳамсояҳои мо ишора накарданд.

Мехоҳам ба Маҷмаи Умумӣ иттилоъ диҳам, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати шарҳи гузариши хатти сарҳади давлатӣ мутобиқ ба тақсимоти марзӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ба созиш расидаанд.

Маҳз ҳамин санадҳо ҳамаи тартиботу равишҳои конститутсиониро гузашта, аз ин лиҳоз заминаи ягонаи ҳуқуқии идомаи раванди музокиротро ташкил медиҳанд.

Новобаста ба ин, ба мақсади нишон додани ҳусни ният ва хушоҳангии ҳадди аксар мо бо ҳамсояҳо розӣ шудем, ки ҳамчунин маводди комиссияи баробарии соли 1989-ро, ки Қирғизистон пешниҳод кард, истифода намоем.

Масъалаҳои сарҳадӣ бо изҳороти ҳавоӣ ва эҷоди ҳолатҳои буҳронӣ ҳал намешаванд. Кори ҳаррӯзаи муштарак ва ботафаккури ба ҳусни нияти тарафҳо асосёфта лозим аст.

Мо омодаем, ки музокиротро идома диҳем ва муътақидем, ки мардумони тоҷику қирғиз ҳақ доранд ҳамроҳ дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ ва эҷод кунанд.

Тоҷикистон, ки ваҳшати низои дохилиро аз сар гузаронидааст, қадри сулҳро медонад ва ҳамаи талошҳои худро ба он равона мекунад, ки дар минтақаи мо суботу амният ҳукмфармо бошад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

 

 

 

 

 

Созмони Миллали Мутаҳид

kaynak:https://mfa.tj/tg/main/view/11140/matni-sukhanronii-vaziri-korhoi-khorijii-jumhurii-tojikiston-sirojiddin-muhriddin-dar-mubohisahoi-umumii-ijlosi-77-umii-majmai-umumii-sozmoni-milali-muttahid-24-sentyabri-soli-2022-nyu-iork

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.